Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар ВГИК мулоқот кард - ИА Караван Инфо
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар ВГИК мулоқот кард

Душанбе, 03 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Маҳмуд Мирзо Назарзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи умумироссиягии давлатии кинематография ба номи С. А. Герасимов таҳсил мекунанд, масъалаҳои раванди таҳсил, фаъолияти эҷодӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи синаморо баррасӣ намуд.

Дар доираи сафари корӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Маҳмуд Мирзо Назарзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи умумироссиягии давлатии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба раванди таҳсил, фаъолияти эҷодии донишҷӯён, дастгирии онҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи синамо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Донишҷӯёни тоҷик дар бораи ҷараёни таҳсил, лоиҳаҳои эҷодӣ ва дастовардҳои худ маълумот дода, пешниҳодҳо ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худро баён карданд.

Маҳмуд Мирзо Назарзода ба саволҳои донишҷӯён посух дода, онҳоро ба омӯзиши амиқи касб, такмили маҳорати эҷодӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои таҳсил дар ВГИК даъват намуд.

Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки таҳсил дар яке аз муассисаҳои маъруфи соҳавии Русия ба донишҷӯёни тоҷик имконият медиҳад, ки донишҳои муосирро аз худ намуда, маҳорати касбии худро такмил диҳанд. Дониш ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо метавонад дар оянда дар таҳияи филмҳои миллӣ, рушди касбҳои эҷодӣ ва омода намудани насли нави мутахассисони соҳаи синамои тоҷик ба таври амалӣ истифода шавад.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»