
Алмаато, 27 апрели соли 2026 АИ «Караван Инфо». Қазоқистон ба навсозии васеъмиқёси фонди боғи худ шурӯъ карда, ба технологияҳои бидуни вирус такя мекунад. Аз Голландия ба мамлакат партияи 7 хазор решаи дарахти себ омад. Маводи ниҳолшинонӣ дар категорияи basic аз пешвои ҷаҳонии ниҳолпарварӣ Vermeerderingstuinen Nederland таҳти назорати қатъии ташкилоти байналмилалии сертификатсияи Naktuinbouw интихоб шудааст.
Дар баробари воридот Казокистон истехсоли «дар пробирка»-и худро фаъолона инкишоф медихад. Дар лабораторияхои Институти тадкикоти илмии меваю сабзавоти Казокистон аллакай кариб 3 хазор растании категорияхои олӣ, аз чумла шаклхои нодири клонии селексияи Казокистон бо усули in vitro парвариш карда шудаанд. Ин имкон медихад, ки на танхо тачрибаи хоричӣ истифода бурда шавад, балки ба хусусиятхои иклимии минтака мувофик карда шавад.
Майдончаҳои асосии лоиҳа:
• Филиали Талгар: дар вилояти Алмаато барои парвариши решаҳои бе вирус ва боғи модарӣ-черенкӣ қитъаи асосӣ таъсис дода шудааст. Ин барои истеҳсоли оммавии ниҳолҳо дар дохили кишвар асос хоҳад буд.
• Гуногунии навъ: ба Қазоқистон ҳам бестселлерҳои ҷаҳонӣ Gala, Fuji, Golden Delicious ва ҳам навгониҳои ояндадор, ба монанди Rubinette ва Baya Marisa оварда шудаанд. Ҳоло онҳо барои муқовимат ба бемориҳои маҳаллӣ ва ҳашароти зараррасон озмоиш намуда мешаванд.
Интизор меравад, ки гузариш ба чунин ниҳолҳо ба деҳқонони қазоқ имкон медиҳад, ки ҳосили зироатҳоро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд ва бо маҳсулоти воридотӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобат кунанд..
Сурат: ВХҚ ҶҚ
