Душанбе, 04 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Федератсияи Русия дастгирии Тоҷикистонро дар татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ то замоне идома медиҳад, ки ин низом пурра аз ҳисоби имкониятҳои дохилии ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шавад. Дар ин бора зимни маросими супоридани навбатии кумаки озуқаворӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июн баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, намоянда ва директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Симон Холлема, мушовир-фиристодаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Хуторская, инчунин намояндагони сафорати Русия ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ иштирок намуданд.
Қисми навбатии маводи озуқаворӣ дар доираи Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон дастрас гардид. Дар шаҳраки Навободи назди Душанбе ба ҷониби Тоҷикистон 121,4 тонна равғани растанӣ ва 135 тонна нахӯди зарди майдашуда супорида шуд. Ҳамзамон боз 128,2 тонна чунин маҳсулот ба анбори шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, минбаъд байни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд тақсим карда мешавад.
Тавре директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Симон Холлема изҳор дошт, маводи озуқавории ба анборҳои Душанбе воридшуда ба муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ равона мегардад. Инчунин моҳи август интиқоли навбатии маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла орди ғанигардонидашуда, дар назар аст.
Ба гуфтаи мушовир-фиристодаи Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, Маскав омода аст дар давраи гузариш дастгирии худро аз барнома идома диҳад, то замоне ки низоми ғизои мактабӣ пурра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардад.

«Дар чанд соли охир қисми назарраси Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Русия иҷрои уҳдадориҳои худро идома дода, минбаъд низ ба кишварҳои ҳампаймон, шарикони стратегӣ ва дӯстони худ, аз ҷумла Тоҷикистон, кумакҳои башардӯстона мерасонад», — таъкид намуд дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, супоридани навбатии маводи озуқаворӣ боз як нишонаи равобити устувори шарикӣ миёни ду давлат ва таваҷҷуҳи муштарак ба масъалаҳои беҳбудии кӯдакон мебошад.

Аҳамияти Барномаи ғизои мактабӣ дар шароите бештар мегардад, ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҳаҷми кумакҳои байналмилалии башардӯстона коҳиш меёбад. Вера Хуторская зикр кард, ки сарфи назар аз тағйироти муҳити ҷаҳонии башардӯстона, Русия ба уҳдадориҳои қаблан гирифташуда содиқ монда, дастгирии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро тавассути механизмҳои Созмони Милали Муттаҳид идома медиҳад.
Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон аз соли 1999 амал мекунад ва яке аз бузургтарин лоиҳаҳои ин созмон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз соли 2013 инҷониб донори асосии барнома Федератсияи Русия мебошад, ки дар маҷмуъ барои татбиқи он зиёда аз 90 миллион доллар ҷудо намудааст.
Имрӯз дар доираи барнома тақрибан 450 ҳазор хонандаи синфҳои ибтидоии қариб ду ҳазор муассисаи таълимӣ дар 53 шаҳру ноҳияи мамлакат ҳар рӯз бо ғизои гарми мактабӣ таъмин мегарданд. Илова бар интиқоли маҳсулоти озуқаворӣ, барнома таҷдиду навсозии инфрасохтори соҳаи ғизои мактабиро низ дар бар мегирад. Дар солҳои татбиқи он 50 ошхонаи мактабӣ таъмиру таҷҳизонида шуда, як қатор гармхонаҳо, нонвойхонаҳо ва комбинати махсуси истеҳсоли ғизо таъсис дода шудаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки рушди низоми ғизои мактабӣ на танҳо аҳамияти иҷтимоӣ, балки аҳамияти стратегии дарозмуддат низ дорад. Барои кишваре, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии он зиёда аз 2,35 миллион нафар кӯдак таҳсил мекунанд, чунин барномаҳо ба беҳтар гардидани вазъи саломатии хонандагон, болоравии сатҳи иштирок дар дарсҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим мусоидат менамоянд.

Дар шароити афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани сарборӣ ба низоми маориф, таъмини кӯдакон бо ғизои босифат ва мукаммал яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона боқӣ мемонад.
Акс: АИ «Корвон Иттилоот»
