Русия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад: Владимир Путин ба бастаи қонунҳои нав имзо гузошт - ИА Караван Инфо
Русия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад: Владимир Путин ба бастаи қонунҳои нав имзо гузошт

Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Федератсияи Русия марҳилаи нави ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират оғоз мегардад.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба бастаи қонунҳои федералӣ имзо гузошт, ки талаботро нисбат ба будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар ба таври назаррас сахттар менамояд. Меъёрҳои нав масъалаҳои таъминоти молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ, назорати байниидоравӣ аз болои даромадҳои онҳо ва инчунин тартиби будубоши фарзандони ноболиғи муҳоҷиронро фаро мегиранд.

Тибқи қонунҳои қабулшуда, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия фаъолият мекунанд, вазифадоранд худ ва аъзои оилаи таҳти сарпарастии худро дар сатҳе таъмин намоянд, ки аз ҳадди ақали зиндагии муқарраршуда дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ бо назардошти коэффисиенти пешбинишуда паст набошад. Ҳамзамон, ин нишондиҳанда набояд аз музди миёнаи меҳнати минтақа зиёд бошад. Агар муҳоҷир дар якчанд минтақа фаъолият намояд, ҳисоб аз рӯи баландтарин нишондиҳандаи ҳадди ақали зиндагӣ анҷом дода мешавад.

Ҳамзамон низоми ягонаи назорати байниидоравӣ ҷорӣ мегардад. Хадамоти федералии андоз маълумотро дар бораи даромади муҳоҷирон ҳар се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳ ба Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод мекунад. Фонди иҷтимоии Русия бошад, маълумоти расмиро оид ба ҷойи кори шаҳрвандони хориҷӣ ирсол менамояд.

Дар ҳолате ки даромади расмии муҳоҷир аз ҳадди муқарраршуда камтар бошад, шартномаи меҳнатӣ қатъшуда ҳисобида шуда, муҳлати иҷозатдодашудаи будубоши ӯ дар Русия метавонад кӯтоҳ карда шавад.

Тағйироти муҳим инчунин ба будубоши фарзандони ноболиғи муҳоҷирони меҳнатӣ дахл доранд. Минбаъд муҳлати будубоши онҳо ба муҳлати амали патент ё иҷозатномаи кори падару модар вобаста буда, то синни 18-солагӣ амал мекунад. Илова бар ин, барои ҳар як кӯдаки ноболиғ ҳангоми пардохти пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ маблағи иловагӣ пешбинӣ шудааст. Дар сурати бекор шудан ё ба анҷом расидани муҳлати патент, падару модар ҳамроҳ бо фарзандон бояд дар муҳлати 15 рӯз қаламрави Русияро тарк намоянд.

Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муҳлати 30 рӯз аз Русия хориҷ шавад, агар барои будубоши қонунӣ дигар асос надошта бошад. Дар акси ҳол, ӯ метавонад дар ҳамин муҳлат барои гирифтани патенти мустақилона ариза пешниҳод намуда, пешпардохти андозро пардохт кунад.

Ба назари гурӯҳи таҳлилии АИ «Корвон Иттилоот» бастаи нави қонунҳо аз гузариши низоми муҳоҷирати Русия ба модели назорати пурзӯртари молиявӣ ва маъмурӣ шаҳодат медиҳад. Тақвияти ҳамкории рақамии байни мақомоти андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва Фонди иҷтимоӣ шаффофияти назоратро аз болои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ бештар менамояд.

 Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд ё нияти кор кардан доранд, риояи талаботи нави қонунгузорӣ, доштани шуғли расмӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва ба эътибор гирифтани қоидаҳои нави марбут ба будубоши аъзои оила аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Акс: РИА Новости / Михаил Климентьев