Остона, 23 апрели соли 2026-АИ Караван инфо. Дар Саммити минтақавии экологӣ дар пойтахт марҳилаи нави шарикии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Барномаи муҳити зисти СММ (ЮНЕП) баррасӣ шуд. Тарафҳо аз нақшаҳои умумӣ ба лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи бехатарии об ва мубориза бо ифлосшавии ҳаво мегузаранд.

Вазири экологияи Қазоқистон Ерлан Нисанбаев иштирокчиенро даъват намуд, ки ба мониторинги воқеии ҳолати об, замин ва ҳаво диққат диҳанд. Ба ташаббуси президент Қасим-Жомарт Токаев оид ба таъсиси Маркази омӯзиши мушкилоти об диққати махсус дода шуд. Илова бар ин, Қазоқистон пешниҳод намуд, ки дар назди СММ созмони байналмилалии об таъсис дода шавад, то дарёҳои фаромарзӣ самараноктар идора карда шаванд.
Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев пешниҳод намуд, ки лоиҳаи муштарак оид ба беҳтар намудани сифати ҳаво дар шаҳрҳои калонтарини Кишварҳои Созмон оғоз намуда шавад. Ин як қисми нақшаи бузурги СҲШ ва ЮНЕП барои банақшагирии устувори шаҳр ва идоракунии партовҳо хоҳад буд. Иштирокчиёни мулоқот қайд намуданд, ки танҳо тавассути ҳамбастагӣ ва табодули маълумот минтақа метавонад бо биёбоншавӣ ва норасоии об мубориза барад.
Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ
