Сӯзишвории сабз дар оянда: дар Қазоқистон сохтмони корхонаи биоэтанолӣ оғоз ёфт – ИА Караван Инфо
Сӯзишвории сабз дар оянда: дар Қазоқистон сохтмони корхонаи биоэтанолӣ оғоз ёфт

Остона, 30 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар вилояти Костанай татбиқи лоиҳаи бузурги рушди технологияҳои экологӣ оғоз ёфт дар ин ҷо корхонаи истеҳсоли биоэтанол аз гандум сохта мешавад. Дар оянда он пайвандҳои калидии истеҳсоли сӯзишвории устувори авиатсионӣ хоҳад буд.

Лоиҳа бо иштироки ширкати Миллии “КазМунайГаз”, ҶДММ “KazFoodProducts” ва KBr-и амрикоӣ, ки аллакай созишномаро дар бораи тарҳрезии асосии истеҳсоли оянда имзо намудаанд, амалӣ намуда мешавад. Заводи нав имкон медиҳад, ки дар як сол то 412 ҳазор тонна гандум коркард намуда шавад.

Биоэтанол ашёи хоми асосии истеҳсоли сӯзишвории авиатсионии насли нав хоҳад буд, ки ба стандартҳои байналмилалии экологӣ мувофиқат мекунад.

“Дар асоси лоиҳа – ташкили даври пурраи истеҳсоли сӯзишвории экологӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ”, — қайд намуд ҳокими вилоят Кумар Аксакалов.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба сохтмони корхона, истеҳсоли сӯзишворӣ ва нерӯгоҳи барқи шамол бо иқтидори 1000 МВт тақрибан 620 миллиард тенгеро ташкил медиҳад. Лоиҳа инчунин рушди энергетикаи “сабз” – ро барои таъмини корхонаҳои нав пешбинӣ мекунад.

Тасвир аз ҷониби хадамоти матбуоти ҳокими вилояти Костанай

error: