Сафири Русия дар ифтитоҳи Намоишгоҳи XIV байналмилалии китоб «Китоби Душанбе» иштирок кард - ИА Караван Инфо
Сафири Русия дар ифтитоҳи Намоишгоҳи XIV байналмилалии китоб «Китоби Душанбе» иштирок кард

Душанбе, 24 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорьев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи XIV байналмилалии китоб «Китоби Душанбе» иштирок намуд. Намоишгоҳ аз 22 то 24 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар намоишгоҳ нашриётҳо ва намояндагони соҳаи китоб аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Ҳадафҳои асосии чорабинӣ тарғиби китобу китобхонӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба адабиёти гуногунжанр ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи нашри китоб ва маърифат мебошанд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ китобҳои гуногун, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, адабиёти илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Чорабинӣ барои шиносоӣ бо нашрияҳои нав, табодули таҷрибаи касбӣ ва таҳкими робитаҳои байни иштирокчиёни бозори китоб дар кишварҳои минтақа имконият фароҳам меорад.

Ташкилкунандаи гӯшаи Русия, чун анъана, ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти тарҷума» мебошад. Гӯша бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Россотрудничество омода шудааст.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҳамчун майдони табодули фарҳангӣ ва касбӣ барои шиносоии хонандагон бо адабиёти кишварҳои гуногун ва таҳкими робитаҳои байни нашриётҳо, тарҷумонҳо ва муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.

Акс: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон