Душанбе, 21 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Форуми байналмилалии саноати хӯроквории «Тоҷикистон-2026», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) Симон Ҳоллема аз пешрафти таърихии ҷумҳурӣ дар самти таҳкими саломатии аҳолӣ ва амнияти озуқаворӣ хабар дод. Мавзуи асосии суханронии ӯ роҳандозии амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 508 гардид.

Мувофиқи ин санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз 1 сентябри соли 2026 орди гандуми навъи олӣ ва якум, ки дар корхонаҳои дохилӣ барои бозори кишвар истеҳсол мешавад, бояд бо витаминҳо ва минералҳои ҳаётан муҳим (аз ҷумла оҳан ва кислотаи фолиат) ба таври ҳатмӣ ғанӣ гардонида шавад.
Ин қадоми муҳим натиҷаи ҳамкориҳои чандсолаи пайгирона мебошад. Аз соли 2021 инҷониб БОҶ дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва корхонаҳои хусусии истеҳсоли орд заминаи техникию технологиро барои ғанигардонии маҳсулот фароҳам овард.
Дар доираи ин барнома ба 18 корхонаи бузурги ордкашии кишвар кумаки техникӣ расонида шуда, мутахассисони миллӣ барои таъмини устувории лоиҳа омӯзонида шуданд.

Татбиқи амалии ин ташаббус аллакай натиҷаҳои аввалини худро медиҳад. Орди ғанигардонидашуда ба мактабҳо ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дастрас гардидааст. Ҳадафи навбатӣ васеъ намудани фарогирии барнома ба 53 мактаби ибтидоии минтақа мебошад, ки имкон медиҳад беш аз 15 ҳазор нафар хонандагон бо ғизои солим ва хушсифат таъмин карда шаванд.
Коршиносон таъкид мекунанд: гузаронидани ғанигардонии орд ба заминаи ҳатмии қонунгузорӣ — сармоягузории стратегӣ ба капитали инсонии Тоҷикистон мебошад. Бо витамину минералҳо бой гардонидани маҳсулоти асосии хӯрокворӣ имкон медиҳад, ки зидди камхунӣ ва гуруснагии пинҳонӣ муборизаи самаранок бурда шуда, иммунитети насли ҷавон мустаҳкам ва заминаи боэътимод барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар гузошта шавад.
Манбаи акс: Хадамоти матбуоти Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ)
