Се кишвар роҳи оҳанро ба Покистон коркард хоҳанд намуд - ИА Караван Инфо
Се кишвар роҳи оҳанро ба Покистон коркард хоҳанд намуд

Остона, 1 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Қазоқистон, Узбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ният доранд, ки якҷоя лоиҳаи роҳи оҳани нави Қазоқистон – Узбекистон – Афғонистон – Покистонро бо баромадан ба бандарҳои баҳрии Покистон таҳия кунанд. Санади дахлдори ҳамкорӣ аз ҷониби вазорати нақлиёти Қазоқистон ва Узбекистон, инчунин вазорати энергетика ва инфрасохтори АМА имзо шудааст.

Лоиҳа таъсиси самти нави роҳи оҳанро пешбинӣ мекунад, ки алоқаи нақлиётии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро таъмин мекунад ва имкониятҳои иловагиро барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, савдо, логистика ва ҳамкории сармоягузорӣ фароҳам меорад. Ҷонибҳо таҳқиқоти техникӣ ва иқтисодӣ, арзебиҳои таҳлилӣ мегузаронанд, мақсаднокии рушди инфрасохтори заруриро меомӯзанд.

Қазоқистон ва Узбекистон дорои инфрасохтори пешрафтаи роҳи оҳан ва иқтидори зиёди транзитӣ мебошанд. АМА дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, логистика ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ таҷрибаи байналмилалӣ дорад. Якҷоя намудани ин имкониятҳо имкон медиҳад, ки ба таҳияи амалии лоиҳа ва муайян намудани механизмҳои оптималии татбиқи он гузарем.

Ҷонибҳо инчунин қадамҳои минбаъда ва самтҳои мушаххаси ҳамкориро муҳокима намуданд. Аз ҷумла, имконияти ташкили гурӯҳи корӣ барои коркарди ҳамаҷонибаи масъалаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва молиявии лоиҳа баррасӣ намуда мешавад.

Аксҳо: Вазорати Иқтисоди ҶҚ