Душанбе, 19 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». «Шабе дур аз ватан» бешак аз ҷумлаи шоҳкориҳои мондагори театри суннатии тоҷик аст, ки тайи қариб ду даҳсолаи охир муштоқони санъати саҳнаро ба умқи маънавии худ фурӯ бурдааст. Ин намоиши фалсафӣ, ки бар пояи ашъори шоири ватансаро ва нобиғаи шеъри муосири порсӣ устод Бозор Собир таҳия шудааст, дар худ дарди ғурбат, ҳасрати дурӣ ва оташи меҳанпарвариро ба саҳна овардааст.

Саҳнавигардонии асарро Абдулмуъмин Шарифӣ анҷом дода, таҳиягар ва коргардони он Нозим Меликов мебошад. Намоиш бори нахуст баҳори соли 2011 рӯи саҳна омада, то имрӯз дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов беш аз понздаҳ сол умр дидааст. Дар тӯли ин солҳо «Шабе дур аз ватан» на танҳо як намоиш, балки падидаи фарҳангӣ ва рӯйдоди маънавӣ боқӣ мондааст.
Асар таркибан фалсафӣ буда, дар маркази он ду қаҳрамон — Рӯъё ва Муҳоҷир — қиссапардозӣ мекунанд. Нақшҳоро ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон — муҳоҷирро Абдулмуъмин Шарифӣ ва рӯъёро Моҳпайкар Ёрова — бо ҳунари баланд иҷро намудаанд. Ҳузури онҳо дар саҳна тамошобинро ба ҷаҳони андеша ва эҳсос мебарад; ҷаҳоне, ки дар он инсон бо худ, бо ватан ва бо сарнавишти хеш рӯ ба рӯ мешавад.
Дар «Шабе дур аз ватан» беҳтарин ва пурғановаттарин шеърҳои устод Бозор Собир гулчин шуда, дар қолаби як намоишномаи саршор аз андешаи миллӣ ва ҷаҳонбинӣ зиннат ёфтаанд. Ин асар бо низоми як песаи фарогири ҷаҳонӣ таҳия гардида, масъалаи муҳоҷират, ҳасрати диёр ва ҷустуҷӯи худшиносиро ба баррасӣ мегирад.
Ғояи асосии намоиш бар пояи достони зиндагии худи шоир — дур афтодан аз ватан ва солҳо дар ғурбат ба сар бурдан — шакл гирифтааст. Маълум аст, ки устод Бозор Собир дар авоили солҳои 90-уми асри гузашта ба муҳоҷират рафта, муддати тӯлонӣ дар шаҳри Сиетли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ кардааст. Муҳоҷират, ғаму дард, фироқи зодгоҳ ва ёди «қишлоқаки тиллоиву латтамазори модар» ӯро водошт, ки тамоми ҳастии худро ба сафҳаҳои шеър бо аламу оҳ резад.
Маҳз ҳамин дард дар саҳна бо мусиқии таъсирбахши халқӣ, ки онро Суҳроб Ҷанҷолов эҷод кардааст, ва бо ҳунари ду чеҳраи барҷастаи театру синамои миллӣ — Абдулмуъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова — ҷилои тоза пайдо мекунад. Тамошобин на танҳо шеъру сухан, балки лаҳзаи зиндаи зиндагиро эҳсос мекунад.

Соли 2014 ин намоиш дар ҳузури худи муаллифи калом — устод Бозор Собир — иҷро гардид. Шоир, ки дар қатори аввал менишаст, аз таъсири намоиш бархоста, ашк рехт ва ҳунарпешагонро ба оғӯш кашид. Он лаҳза на танҳо як эпизоди эҳсосӣ, балки гувоҳи он буд, ки саҳна метавонад дарди як миллатро ба таври зинда ва муассир баён кунад.
Устод Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 2018 дар синни 80-солагӣ дар Амрико даргузашт. Бо фармони Пешвои миллат пайкари ӯ ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи маъруфи «Лучоб» ба хок супурда шуд.
Имрӯз «Шабе дур аз ватан» чун ҳасратномаи ғарибӣ ва ойинаи худшиносии миллӣ ба зиндагии саҳнавии худ идома медиҳад. Он ба ҳар бинанда меомӯзад, ки муҳаббат ба зодбуму сарзамин танҳо эҳсос нест, балки рисолати маънавии ҳар инсон аст.
Акс: Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов
