Синамои тоҷик дар саҳнаи Беларус: дар Минск Рӯзҳои синамои Тоҷикистон оғоз ёфт – ИА Караван Инфо
Синамои тоҷик дар саҳнаи Беларус: дар Минск Рӯзҳои синамои Тоҷикистон оғоз ёфт

Душанбе, 29 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар кинотеатри «Победа» маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид — яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар. Лоиҳа бо иштироки «Тоҷикфилм» амалӣ гардида, боз як бори дигар нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои башардӯстонаи Душанбе ва Минск мазмуну муҳтавои нав касб карда истодаанд.

Маросими ифтитоҳ бо намоиши филми ҳунарии «Зиндагӣ зебост» оғоз ёфт, ки ба тамоми барномаи киноҳафта оҳанги хос бахшид. Дар рӯзҳои минбаъда тамошобинони беларус инчунин метавонанд филмҳои «Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат» ва «Пайроҳаи хашм»-ро тамошо намоянд. Ҳамаи филмҳо бо забони тоҷикӣ ва бо зернависи русӣ пешкаш мегарданд, ки ҳамзамон дастрасӣ ба аудиторияи васеъро таъмин намуда, ҳувияти миллиро ҳифз мекунанд.

Дар суханронии худ муовини аввали вазири фарҳанги Беларус Дмитрий Шляхтин таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Беларус бар пояи гузаштаи умумии таърихӣ ва эҳтироми мутақобила бунёд ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи кунунӣ ин равобит бо шарикии зичи стратегӣ дар самтҳои гуногун тавсиф мешаванд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки соҳаи фарҳанг яке аз бахшҳои фаъол ва босуръат рушдёбандаи ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. «Қисми ҷудонашавандаи ин равобит синамои миллӣ аст, ки бо ҳамоҳанг сохтани анъанаҳо ва тамоюлҳои муосири синамои ҷаҳонӣ бомуваффақият рушд мекунад», — гуфт ӯ.

Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода аҳамияти синаморо ҳамчун яке аз ҷузъҳои калидии фарҳанги муосири кишвар таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои истиқлолият синамогарони тоҷик садҳо филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ офаридаанд, ки дар онҳо ғановат ва анъанаҳои фарҳанги миллӣ таҷассум ёфтаанд.

Ӯ инчунин изҳор дошт, ки пешниҳоди беҳтарин намунаҳои синамои миллӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ба анъанаи нек табдил ёфта, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни мардумон мусоидат мекунад.

Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов зикр намуд, ки ҳамкории синамогарони ду кишвар таърихи тӯлонӣ дошта, имрӯз низ фаъолона идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, киностудияҳои Тоҷикистон ва Беларус ёддошти тафоҳум оид ба истеҳсоли муштараки филмҳоро ба имзо расонидаанд ва дар ин самт корҳои амалӣ идома доранд.

«Мо аз сатҳи баланди мактаби синамои Беларус огоҳем ва мутахассисони мо ба таҳсил дар ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд доранд. Филмҳое, ки имсол пешниҳод кардем, аз лиҳози мавзӯъ гуногун буда, онҳоро синамогарони ҷавон ва боистеъдоди мо офаридаанд», — таъкид кард ӯ.

Ба чорабинӣ ранги эҳсосӣ суханронии коргардони филми «Зиндагӣ зебост» Далер Раҳматов бахшид. Ӯ изҳор дошт, ки робитаи шахсии ӯ бо Беларус аз таърихи оилавӣ сарчашма мегирад: бобояш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳайати дастаи партизанӣ дар ҳудуди Беларус ҷанг кардааст.

«Аз кӯдакӣ дар дили ман муҳаббати хос ба ин кишвар пайдо шуд. Ман бо қиссаҳо дар бораи меҳрубонӣ ва самимияти мардуми он ба воя расидаам. Филми мо — хоксорона, баъзан соддалавҳона, аммо бисёр самимӣ аст», — гуфт коргардон.

Дар маҷмӯъ, Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Минск аз доираи як рӯйдоди фарҳангӣ фаротар рафта, ба абзори муҳими “қудрати нарм” табдил меёбанд, ки тавассути он робитаҳои башардӯстона таҳким ёфта, фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни кишварҳо густариш меёбад.

Акс: Кионостудияи «Тоҷикфилм»

error: