Кумитаи назорати санитари-эпидемиологи (КНСЭ) – и ЧК магозахоро пас аз захролудшавии мактаббачагон дар вилояти Актюбинск тафтиш намуд. Беш аз 1,5 хазор нукта санчида шуда, 14 намунаи снекхо харидори намуда шудааст. Дар онхо таквиятдихандахои маззаи манъшуда пайдо шудаанд: глутамати натрий (Е621), гуанилати натрий (Е627) ва инозинати натрий (Е631), ки ба меъёрхои иттиходи Гумруки мувофикат намекунанд.

Ин иловагихо барои саломати хатарноканд: метавонанд боиси фарбехи, аллергия ва ихтилоли хозима шаванд. Дар бастахо маълумот дар бораи таркиб, мухлати истифода, истехсолкунанда ва эъломияи мутобикат ба стандартхо мавчуд набуд.
Махсулот аз фуруш бароварда мешавад. Ба нуктахои савдо дастур дода шудааст, ки талаботи тамгагузори ва хуччатхоро риоя кунанд.
КНСЭ тавсия медихад, ки махсулотро танхо дар чойхои санчидашуда харед, тамгакогазхоро омузед ва аз фармоиш додани молхои шубханок тавассути бозорхо худдори кунед. Воридот ва фуруши махсулоти хатарнок манъ намуда шудааст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода