Душанбе, 04 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои молиявию бонкӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 июни соли 2026 вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин ҳайати баландпояи Бонки кишоварзии Чин, аз ҷумла менеҷерони самтҳои захираҳои инсонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, мутахассисони соҳа ва роҳбари намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре таъкид шуд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, дастгирии сармоягузорӣ, маблағгузории тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, тақвияти идоракунии хавфҳо ва рушди инфрасохтори молиявӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода саҳми Бонки кишоварзии Чинро дар рушди робитаҳои молиявии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Чин яке аз шарикони стратегии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва молия мунтазам густариш меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки ҳамкории тӯлонии бонкҳои ду кишвар барои рушди савдо ва сармоягузории мутақобила заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон метавонад ба таҳкими бештари муносибатҳои молиявӣ ва дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат намояд.

Ҷониби Тоҷикистон инчунин ҳайати меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва тамоюлҳои рушди бахши молиявии кишвар шинос намуд. Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ сатҳи устувори рушди иқтисодӣ, нигоҳдории таварруми муътадил ва таҳкими устувории низоми бонкӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ислоҳоти давомдори бахши молиявӣ ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, афзоиши ҳаҷми пасандозҳо, густариши қарздиҳӣ ба иқтисоди воқеӣ ва тақвияти суботи молиявӣ мусоидат намудааст.
Раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу дар навбати худ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт. Аз ҷумла, самтҳои табодули таҷриба дар бонкдорӣ, рушди иқтисоди сабз, рақамикунонӣ, таҳкими киберамният, такмили механизмҳои комплайенс ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ҳамчун самтҳои афзалиятнок номбар гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва истифодаи имкониятҳои навро барои рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистону Чин таъкид намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
