Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия - ИА Караван Инфо
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия

Душанбе, 29 май, – АИ «Корвон Иттилоот».  28 майи соли 2026 мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Элдар Гайфутдинов – муовини сардори Раёсати маъмурияти Президенти Федератсияи Русия оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти гузариш ба низоми рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир барои рушди иқтисоди рақамӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таъкид намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон