Остона, 08 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Акорд чорабинии тантанавӣ барои рӯзи омӯзгор баргузор шуд. Президент Қасим–Жомарт Токаев омӯзгоронро табрик гуфт ва нақши махсуси онҳоро дар рушди ҷомеа ва сармояи инсонӣ таъкид намуд.

“Муаллим – шахсияти калидӣ дар ҳаёти ҳар як шахс аст. Эҳтироми амиқ ба омӯзгор нишонаи муҳимтарини камолоти ҷомеаи мутамаддин аст ” гуфт сарвари давлат.
Президент афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавононро ба касби педагогӣ қайд намуд. Имсол беш аз 12 ҳазор хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои педагогӣ грантҳои давлатӣ гирифтанд ва андозаи стипендияҳои донишҷӯёни омӯзгорони оянда 2,5 маротиба зиёд намуда шуд.

Дар ҷараёни маросим намояндагони таҳсилоти олӣ мукофотҳои давлатӣ гирифтанд.
Ҷоизадорон дар рушди адабиётшиносӣ ва абаевшиносон, илми иқтисодӣ, санъати овозӣ ва таҳсилоти варзишӣ, инчунин тайёр намудани наслҳои нави мутахассисон саҳми назаррас гузоштанд.
Аксҳо: Акорда
