Тоҷикистон ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи муҳоҷират дар доираи ИДМ тақвият медиҳад - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи муҳоҷират дар доираи ИДМ тақвият медиҳад

Душанбе, 26 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30-юми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Ҷаласа намояндагони сохторҳои давлатии соҳавии нӯҳ кишварро гирди ҳам оварда, ба баррасии вазъи кунунии муҳоҷират, такмили қонунгузории миллӣ, рақамикунонии назорати муҳоҷират ва рушди ҳамкории байниидоравӣ бахшида шуд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи доимии давлатҳои иттиҳодӣ, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иштирок карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода ва роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Дилрабо Азимӣ намояндагӣ карданд. Намояндагони Тоҷикистон дар муҳокимаи масъалаҳои сиёсати муҳоҷират иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия — сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия генерал-полковники политсия Андрей Кикот баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҷаласа ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозӣ, ҳамкории созанда ва табодули таҷрибаро барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар фазои ИДМ таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, Шӯро бояд ҳамчун механизми амалии таъмини субот ва амнияти минтақавӣ нақши худро нигоҳ дошта, ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ сари вақт вокуниш нишон диҳад.

Яке аз масъалаҳои марказии ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар кишварҳои узви ИДМ буд. Иштирокдорони ҷаласа тағйирот дар қонунгузории миллӣ, ки равандҳои муҳоҷиратиро танзим менамояд, инчунин таҷрибаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиро барои баланд бардоштани сатҳи амният ва такмили назорати муҳоҷират баррасӣ карданд.

Ба истифодаи технологияҳои биометрӣ ва зеҳни сунъӣ барои муайянкунии шахсият дар низомҳои назорати видеоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Рушди чунин воситаҳо яке аз самтҳои навсозии технологии идоракунии муҳоҷират ба шумор рафта, ҳамзамон ҳамоҳангсозии равишҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои гуногунро тақозо мекунад.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар дар хориҷ аҳамияти хоса медиҳад.

Дар ин замина Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони асосии кишвар дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Зикр гардид, ки байни ду давлат санадҳои зарурии меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва танзими равандҳои муҳоҷиратии ду шарики стратегӣ замина фароҳам меоранд.

Дар натиҷаи ҷаласаи ҷашнии Шӯро аз ҷониби намояндагони давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба самтҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Амалӣ намудани онҳо идомаи ҳамкории мақомоти соҳавӣ, табодули таҷриба ва иттилоот, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар масъалаи вокуниш ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ дар минтақаро дар назар дорад.

Акс: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон