Душанбе, 09 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии сулҳ (Global Peace Index — GPI) барои соли 2026 дар байни 163 кишвару қаламрав ҷойи 47-умро ишғол намуда, нишондиҳандаи умумии 1,799-ро соҳиб шудааст.

Рейтинги мазкур аз ҷониби маркази байналмилалии таҳлилии Institute for Economics & Peace (IEP) таҳия гардида, сатҳи сулҳпарварии давлатҳоро дар асоси 23 нишондиҳандаи миқдорӣ ва сифатӣ арзёбӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба қатори 50 давлати дорои нишондиҳандаҳои нисбатан баланди сулҳпарварӣ шомил гардидааст. Дар доираи минтақавии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҷумҳурӣ ҷойи панҷум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро соҳиб шудааст.
Дар рейтинги умумӣ аз Тоҷикистон Ӯзбекистон — ҷойи 37-ум бо нишондиҳандаи 1,726 ва Қазоқистон — ҷойи 44-ум бо нишондиҳандаи 1,771 болотар қарор гирифтаанд. Пас аз Тоҷикистон Қирғизистон — ҷойи 61-ум (1,853) ва Туркманистон — ҷойи 66-ум (1,903)-ро ишғол намудаанд.
Ҳамин тавр, ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба нимаи болоии рейтинги GPI 2026 дохил шудаанд. Ин нишондиҳанда дар пасманзари тамоюли умумии коҳиши сатҳи сулҳпарварӣ дар ҷаҳон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тибқи маълумоти IEP, соли 2026 сатҳи сулҳпарварӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ коҳиш ёфта, дар 99 кишвари ҷаҳон аз 163 давлат бадшавии нишондиҳандаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар GPI 2026 барои минтақа дар маҷмӯъ манзараи нисбатан мусоидро нишон медиҳад. Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойи 37-ум, Қазоқистон — 44-ум, Тоҷикистон — 47-ум, Қирғизистон — 61-ум ва Туркманистон — 66-умро соҳиб шудаанд.
Ҳамзамон Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ягона минтақае гардиданд, ки дар он сатҳи миёнаи сулҳпарварӣ дар давоми соли гузашта беҳтар шудааст. Бо вуҷуди ин, динамикаи кишварҳои алоҳида яксон набудааст. Аз ҷумла, нишондиҳандаи Тоҷикистон дар давоми як сол 0,050 банди индекс тағйир ёфтааст, ки тибқи методологияи GPI нисбат ба соли қаблӣ маънои коҳиши натиҷаро дорад.
Методологияи Global Peace Index сулҳпарвариро танҳо аз рӯи набудани низоъҳои мусаллаҳона арзёбӣ намекунад. Дар ҳисобҳо се самти асосӣ ба назар гирифта мешаванд: низоъҳои ҷории дохилӣ ва байналмилалӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва сатҳи ҳифзи аҳолӣ, инчунин сатҳи милитаризатсия. Дар маҷмӯъ 23 нишондиҳанда истифода мешавад.
Аз ин рӯ, мавқеи кишвар дар рейтинг маҷмӯи васеи омилҳоро инъикос мекунад — аз хусусияти низоъҳои дохиливу хориҷӣ то сатҳи амният, муҳити ҷамъиятӣ ва хароҷоти низомӣ.
Натиҷаи Тоҷикистон дар GPI 2026 дар шароити мураккаби байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тибқи маълумоти IEP, сатҳи ҷаҳонии сулҳ дар соли 2026 ба пасттарин сатҳ дар тамоми давраи мавҷудияти ин индекс расидааст.
Шумораи низоъҳои фаъоли дорои иштироки давлатҳо ба 61 адад расидааст, ки баландтарин нишондиҳанда аз замони анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон институти таҳлилӣ таъкид мекунад, ки паёмадҳои иқтисодии хушунат дар соли 2025 ба 21,81 триллион доллар расида, тақрибан 10,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон-ро ташкил додаанд.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки сулҳу амният танҳо масъалаҳои сиёсӣ ва башардӯстона нестанд. Онҳо ба рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, суботи иҷтимоӣ ва имкониятҳои рушди дарозмуддати давлатҳо таъсири мустақим мерасонанд.
Барои Тоҷикистон ворид шудан ба қатори 50 кишвари пешсафи Global Peace Index аз нигоҳи сатҳи сулҳпарварӣ нишондиҳандаи муҳими арзёбии байналмилалии кишвар дар самти амният ва субот мебошад.
Дар шароите ки низоъҳои байналмилалӣ ва хатарҳои геополитикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ афзоиш меёбанд, чунин мавқеъ ҳамзамон аҳамияти ҳифзи суботи дохилӣ ва зарурати таҳкими минбаъдаи заминаҳои сулҳу амниятро таъкид менамояд.
Дар маҷмӯъ, натиҷаи Тоҷикистон дар рейтинги соли 2026 нишон медиҳад, ки масъалаи сулҳ ва субот барои кишвар дар баробари аҳамияти дохилӣ дорои ҷанбаи муҳими байналмилалӣ низ мебошад.
Барои минтақаи Осиёи Марказӣ бошад, ворид шудани ҳамаи панҷ давлат ба нимаи болоии GPI метавонад ҳамчун нишондиҳандаи муҳити нисбатан устувори амниятӣ дар минтақа арзёбӣ гардад.
Акс: АИ «Корвон Иттилоот»
Манбаи маълумот: Institute for Economics & Peace (Global Peace Index 2026).
