XI форуми Байналмилалӣ ва намоишгоҳи 100+ TechnoBuild дар Екатеринбург дар доираи ҳафтаи байналмилалии сохтмон, ки то 4 октябр идома меебад, баргузор мешавад. Дар чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад.
Ҳафтаи байналмилалии сохтмон барномаи пурмаҳсули тиҷоратиро дар бар мегирад, ки мутахассисони соҳаи сохтмонро муттаҳид мекунад. Ин чорабинии васеъмиқес барои табодули таҷриба ва муҳокимаи истифодаи технологияҳои пешрафта табдил ёфт. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо коршиносони соҳа сӯҳбат кунанд ва дар бораи тамоюлҳои охирини сохтмон маълумот гиранд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар форум бо як қатор гузоришҳо баромад кард. Дар яке аз баромадҳои худ ӯ масъалаҳои мубрами истифодаи системаҳои барқии офтобиро дар биноҳо ва иншооти Тоҷикистон баён намуд.
Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонӣ, пас аз баррасии гузориши Низом Мирзозода, тасмим гирифт, ки ба мақомоти миллии идоракунии сохтмони кишварҳои ИДМ тавсия диҳад, то ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоотро оид ба истифодаи системаҳои барқии офтобӣ дар сохтмон васеъ кунанд.
Форум-намоишгоҳ дар доираи ҳафтаи байналмилалии сохтмон баргузор гашт. Дар соли 2023 дар доираи форум зиеда аз 200 сексияи мавзӯъӣ бо иштироки зиеда аз 900 спикерҳои русия ва хориҷӣ баргузор гардид. Зиеда аз 500 ширкат аз 7 кишвар ва 36 минтақаи Русия маҳсулот ва лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд.
Форум бузургтарин чорабинии сохмонӣ ва муҳандисии Русия мебошад, ки ба технологияҳои навтарин, шаҳрсозӣ ва барои таъмини рушди устувори шаҳрҳо бахшида шудааст. Он ҳар сол бо дастгирии Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Мавзӯъҳои асосии форум тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи биноҳо ва иншооти беназир, самаранокии энергия, амният, сохтмони “сабз”, рақамисозии соҳаи сохтмон, мавод ва технологияҳои инноватсионӣ ва фароҳам овардани муҳити бароҳати шаҳрро дар бар мегиранд.АКС: консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург


