Душанбе, 25 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ният доранд ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом густариш диҳанд.

Дар ин замина байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Форуми мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз агентии соҳавӣ хабар доданд, маросими имзои санад дар шакли конфронси маҷозӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ёддошт таҳкими иқтидори миллӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи хатарноки марбут ба он мебошад.
Санади мазкур барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва техникӣ байни муассисаҳои соҳавии ду кишвар заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда, ба такмили технологияҳои муосири ошкорсозии маводи хатарнок, таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мусоидат хоҳад кард.
Аҳаммияти чунин ҳамкорӣ дар шароити зарурати такмили механизмҳои байналмилалии назорати паҳншавии маводи хатарнок ва баланд бардоштани омодагии сохторҳои давлатӣ барои вокуниш ба таҳдидҳои фавқулода бештар мегардад. Мубодилаи таҷрибаи илмию техникӣ ва рушди малакаҳои касбӣ метавонанд дар таҳкими низоми амнияти миллӣ нақши муҳим дошта бошанд.
Ҷумҳурии Корея дорои иқтидори назарраси илмию технологӣ буда, ҳамкорӣ бо ин кишвар барои Тоҷикистон имкониятҳои иловагиро дар самти таҳия ва истифодаи воситаҳои муосири ошкорсозӣ, назорат ва пешгирии таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ фароҳам меорад.
Тоҷикистон низ ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм, пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои амалӣ байни сохторҳои соҳавии ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
