Душанбе, 14 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо роҳбарияти милитсияи пойтахт мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, доир ба роҳҳои тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва татбиқи усулҳои муосири фаъолияти оперативию хизматрасонӣ табодули афкор сурат гирифт.
Акс:@dushanbe_police_tj
