Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон бо музокироти сатҳи олӣ идома ёфт, ки зимни он ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона миёни ду кишвар бори дигар тасдиқ намуданд.

Баррасии масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба нахуст дар мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, баъдан бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Президенти Тоҷикистон дар оғози мулоқот барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии ҷониби Муғулистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки натиҷаҳои ин сафари давлатӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Сарони давлатҳо рушди пайвастаи муколамаи сиёсиро бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои байнипарлумониро ҳамчун воситаи муҳими баланд бардоштани эътимоди сиёсӣ махсус таъкид карданд.
Дар маркази музокирот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон ва рушди инфрасохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, инчунин содироти маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Муғулистон қарор доштанд.
Бо мақсади татбиқи амалии ин самтҳо ҷонибҳо таъсиси гурӯҳҳои кории муштаракро оид ба энергетика, сохтмон ва рушди инфрасохтор пешниҳод намуданд, ки метавонанд ҳамоҳангсозии мунтазами лоиҳаҳои муштаракро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Ҷонибҳо инчунин фаъолияти мунтазами Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро барои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни музокирот ба ҳамкориҳои башардӯстона низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарони давлатҳо аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Муғулистонро дар асоси принсипи мутақобила баланд арзёбӣ намуда, ҷонибдорӣ аз густариши мубодилаҳои фарҳангиро изҳор доштанд.
Аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ рушди робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар сохторҳои соҳавии ду кишвар номида шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар бахшҳои сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш низ имкониятҳои назарраси рушди ҳамкорӣ мавҷуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон барои дастгирии ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», инчунин дигар ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаҳои об ва иқлим изҳори сипос намуд.
Дар ин замина аҳамияти таҳкими ҳамоҳангии ду кишвар дар доираи Гурӯҳи давлатҳои рӯ ба рушде, ки ба баҳр роҳ надоранд, таъкид гардид, зеро Тоҷикистону Муғулистон дар пешбурди масъалаҳои рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ манфиатҳои муштарак доранд.
Дар анҷоми музокирот сарони ду давлат инчунин доир ба як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон таъкид карданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
