Тоҷикистон ва Синзян самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро муайян карданд - ИА Караван Инфо
 Тоҷикистон ва Синзян самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро муайян карданд

Душанбе, 26 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Урумчӣ мулоқоти муштараки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти дахлдори ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо самтҳои амалии тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ карданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло роҳбарӣ намуд. Дар ҷараёни музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз самтҳои асосии мулоқот тавсеа ва диверсификатсияи савдои мутақобила буд. Ҷонибҳо ба масъалаи васеъ намудани номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба бозори Чин, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самти талаботи санитарию фитосанитарӣ, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамзамон, омилҳои боздорандаи афзоиши минбаъдаи гардиши савдои мутақобила баррасӣ гардиданд. Бартараф намудани чунин омилҳо яке аз шартҳои муҳим барои васеъ намудани дастрасии маҳсулоти ҷонибҳо ба бозорҳо ва ташаккули робитаҳои устувортари тиҷоратӣ арзёбӣ мешавад.

Дар рӯзномаи мулоқот масъалаҳои нақлиёт ва логистика низ ҷойгоҳи муҳим доштанд. Ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, таъсис ва навсозии марказҳои нақлиётию логистикӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бор ва таҳкими пайвастагии нақлиётӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар бахши сармоягузорӣ таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ равона гардид. Аз ҷумла, дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иқтисоди «сабз», манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар самтҳои ояндадор баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муайян намуда, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро ташаккул доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон