Остона, 22 майи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Остона Касим-Жомарт Токаев вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои формати «Осиёи Марказӣ Чин» – ро қабул намуд. Мулоқот ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ бахшида шуда буд.

Дар музокирот намояндагони Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва экстремизм баррасӣ шуданд.
“Ба унсурҳои ҷиноӣ иҷозат дода намешавад, ки суботи дохилиро дар минтақа халалдор кунанд”, — таъкид намуд Президент.

Токаев қайд намуд, ки рақамисозӣ нақши киберамниятро тақвият медиҳад ва ҳамгироии иқтисодӣ бевосита бо субот алоқаманд аст. Ба гуфтаи ӯ, формати “Осиёи Марказӣ-Чин” бояд барои ҳамкории системавӣ ва мубодилаи иттилооти оперативӣ асос гардад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои касбиро васеъ кунанд, технологияҳои муосирро ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид кунанд ва ҳамоҳангсозиро тақвият диҳанд. Президент изҳори боварӣ намуд, ки мулоқот ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар минтақа такони нав мебахшад.

Аксҳо: Акорда
