Остона, 22 майи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар Остона аз намоишгоҳи бахшида ба мероси Ордаи тиллоӣ ҳамчун яке аз моделҳои тамаддуни даштӣ ташриф овард. Намоишгоҳ бозёфтҳои археологӣ, сарчашмаҳои хаттӣ ва осори фарҳангиро муттаҳид кардааст.

Ба президент харитаи интерактивӣ бо 70 ёдгории таърихӣ ва меъморӣ пешниҳод карда шуд, ки баъзеи онҳо бо визуализатсияи 3D, аксҳои ҳавоӣ ва тавсифи муфассал пурра карда шудаанд.


Дар байни экспонатхои асосӣ — варақаи дастхатӣ «Генеалогия ханов», атласи каталонӣ, тангахо, инчунин хуччатхои нодир, аз чумла фармонҳо ва мактубхои дипломатӣ хастанд.
«Намоишгоҳ ба оммавӣ гардонидани мероси таърихию фарҳангии Ордаи тиллоӣ нигаронида шудааст», — дар маводи пешниҳодшуда қайд намуда мешавад.

Ҳадафи намоишгоҳ густариши таваҷҷуҳи илмӣ ба омӯзиши давру замон ва ҳифзи мероси он барои наслҳои оянда мебошад.
Аксҳо: Акорда
