Остона, 4 майи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи штаби Оперативиро оид ба интиқоли ғалла бо иштироки мақомоти давлатӣ, интиқолдиҳандагон ва намояндагони тиҷорат баргузор намуд. Дар семоҳаи аввали соли 2026 дар соҳа динамикаи мусбати устувор ба қайд гирифта шуд: ҳаҷми умумии интиқоли ғалла нисбат ба соли гузашта 15 фоиз афзуда, 4,1 миллион тоннаро ташкил дод.

Нишондиҳандаҳои содиротӣ афзоиши назаррасро нишон доданд:
• Ҳаҷми умумии содироти ғалла 18 фоиз афзуда, ба 3,2 миллион тонна расид.
• Таҳвил ба Кишварҳои Осиёи Марказӣ 48% (то 2,1 миллион тонна) афзоиш ёфт, ки 1,5 миллион тонна аз он ба Узбекистон рост омад.
• Содирот ба самти Афғонистон 4,2 баробар афзуда, 302 ҳазор тоннаро ташкил дод.
• Ҳаҷми интиқол ба ҳудуди Федератсияи Русия 512 ҳазор тоннаро ташкил дод.
• Интиқоли орди хӯрокворӣ ба Чин ду баробар афзуда, ба 1 миллион тонна расид.
Боркашонии дохилӣ низ афзоиши 8% – ро нишон дода, 0,9 миллион тоннаро ташкил дод. Дар ҷараёни ҷаласаи штаб чораҳои оперативӣ барои таъмини бефосилаи занҷирҳои нақлиётӣ таҳия намуда шуданд.
Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ
