Остона, 19 майи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии формати “Осиёи Марказӣ – Чин” ба масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таҳдидҳои киберӣ диққати махсус дода шуд.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ренан Саденов таъкид намуд, ки густариши робитаҳои нақлиётӣ – логистикӣ ва афзоиши ҳаракати муҳоҷират тақвияти ҳамоҳангсозии байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб мекунад.
“Гурӯҳҳои ҷинояткор аз хатсайрҳои байналмилалии нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва ҷараёнҳои муҳоҷират барои ташкили қочоқи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ, қочоқи одамон ва дигар схемаҳои ғайриқонунӣ фаъолона истифода мебаранд. Бояд кори пешгирикунандаро тақвият дод ва каналҳои ҷинояткории фаромиллиро саривақт қатъ намуд”, – изҳор дошт Саденов.
Сурат: ВКД ҶҚ
