Душанбе, 01 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Зиёда аз 400 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии афсарону сарбозон таҳти унвони «Муҳофизони Ватан», ки дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Чорабинӣ ба шинос намудани хонандагон бо ҳаёти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ ва ташаккули тасаввури ҷавонон дар бораи хизмати ҳарбӣ ҳамчун яке аз шаклҳои муҳими масъулияти шаҳрвандӣ равона шуд.
Фестивал дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 июни соли 2026, №455, «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Раҳимзода Музафар, муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собириён Маҳмаднаим, сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, комиссари шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо, роҳбари Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии фестивал таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни афсарону сарбозон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни ҷавонон, инчунин муаррифии хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва зуҳури масъулиятшиносӣ мебошад.

Дар доираи барнома хонандагон имконият пайдо карданд, ки бевосита бо шароити хизмат ва фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ шинос шаванд. Ба иштирокчиён дар бораи тартиби ташкили хизмати ҳарбӣ ва хусусиятҳои ҳаёти хизматии ҳайати шахсӣ маълумот пешниҳод гардид.
Чунин мулоқотҳо барои муоширати мустақими ҷавонон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва гирифтани тасаввуроти бештар дар бораи хусусияти хизмати ҳарбӣ имконият фароҳам меоранд. Дар заминаи омодагӣ ба маъракаи навбатии даъват ба хизмати ҳарбӣ чунин чорабиниҳо ҳамчунин ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба иҷрои қарзи ҳарбӣ равона шудаанд.

Фестивали «Муҳофизони Ватан» намояндагони сохторҳои низомӣ, мақомоти давлатӣ ва низоми маорифро муттаҳид намуда, барои ҳамкории мустақим бо насли наврас ва шинос намудани хонандагон бо ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ майдони муштарак фароҳам овард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
