Душанбе, 16 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кохир Расулзода бо Президенти Қирғизистон Садыр Жапаров мулоқот анҷом дод.

Сарвари давлати Қирғизистон аҳамияти густариши ҳамкории қирғизию тоҷикро бар пояи эҳтироми мутақобил ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳар ду ҷониб таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи самтҳои калидии ҳамкорӣ аллакай тавофуқҳо ҳосил гардидаанд, ки ин имкон медиҳад марҳилаи нави рушди муносибатҳо муайян гардад.
Коҳир Расулзода барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки таҳкими робитаҳои ҳамсоягии нек бо Қирғизистон яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷонибҳо мубориза бо терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина, ташкили Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе ва Маркази мубориза бо ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ дар Бишкек дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Коршиносон бар онанд, ки таҳкими муколамаи сиёсӣ миёни Душанбе ва Бишкек барои суботу амнияти минтақа аҳамияти калидӣ дорад.
АКС: president.kg
