Ҷакарта, 2 марти соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муовини Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бакаев ба Ҷакарта сафари корӣ анҷом дод, ки дар он ҷо бо муовини Вазири корҳои хориҷии Индонезия Анис Матта ва директори генералии ҳамкории бисёрҷониба Три Тарят мулоқот намуд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории исломӣ диққати махсус дода шуд. Масъалаҳои Фаластинро бо назардошти иштироки муштарак дар Шӯрои сулҳ ва нерӯҳои байналмилалии мӯътадилсозӣ, мушкилоти об ва дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро дар масъалаҳои муайяншудаи рӯзномаи байналмилалӣ идома диҳанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
