Футбол муттаҳид мекунад: дар Остона мусобиқаи дӯстӣ байни иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ ба анҷом расид – ИА Караван Инфо
Футбол муттаҳид мекунад: дар Остона мусобиқаи дӯстӣ байни иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ ба анҷом расид

Остона, 25 майи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар пойтахт мусобиқаи ҳарсолаи футболи хурд байни дастаҳои иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ даҳҳо ширкаткунандагон ва мухлисонро муттаҳид намуда, ба ҷашни воқеии дӯстӣ, ваҳдат ва тарзи ҳаёти солим табдил ёфт, хабар медиҳад хабарнигори хабаргузории АИ Караван Инфо аз ҷои ҳодиса.

Ҳадафи асосии мусобиқа таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонон, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш ва тарзи ҳаёти фаъол буд. Дар давоми ду рузи бозй командахо тайёрии баланд, рухияи коллектив ва майлу хохиши галабаро нишон доданд.

Вохурии финалй махсусан пуршиддат гузашт, ки дар он командаи «Манас», ки аз иттиходияи этнофархангии Киргизистони Остона баромад мекунад, бар командаи «ISMA»-и маркази этнофархангии точикон галаба кард. Дорандагони медали биринчй футболбозони иттиходияи чечену ингуш «Вайнах» гардиданд, ки бар командаи «Барбанг» иттиходияи этнофархангии курдхо галаба карданд.

Ғолибону ҷоизадорон бо кубок, медал ва шаҳодатномаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

«Мусобика на танхо ба мусобикаи спортй, балки ба минбари мустахкам намудани дустии намояндагони миллатхои гуногун табдил ёфт»

Созмондиҳандагон қайд мекунанд, ки озмун аллакай ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро ҷалб мекунад.

Видео ва аксҳо: АИ «Караван Инфо»

error: