Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои 26–27 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни духтарон бахшида ба 30-солагии муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар он ҳашт дастаи донишҷӯён аз факултетҳои гуногуни донишгоҳ иштирок карданд.

Мусобиқа барои нишон додани маҳорати варзишӣ, таҳкими ҳамкории даставӣ ва густариши дӯстии байни донишҷӯён замина фароҳам овард. Бозиҳо дар фазои рақобати шадид ва дастгирии ҳамдигар сурат гирифтанд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои факултети иқтисод ва идоракунӣ ва факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ рақобат карданд. Дар натиҷа, дастаи факултети иқтисод ва идоракунӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи факултети журналистика бар тими факултети табиатшиносӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа ҷойи аввалро дастаи факултети иқтисод ва идоракунӣ, ҷойи дуюмро дастаи факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷойи сеюмро дастаи факултети журналистика соҳиб шуданд.
Ташаббускори баргузории мусобиқа донишҷӯи курси дуюми ихтисоси «Математика»-и факултети табиатшиносӣ Ҳикматулло Шоев буд. Ӯ ғолибон ва ҷоизадоронро табрик гуфта, барои иштироки фаъолона ва бозии ҷолиб ба ҳамаи дастаҳо изҳори сипос намуд. Ба гуфтаи ӯ, мусобиқа нишон дод, ки волейбол на танҳо варзиш, балки василаи таҳкими дӯстӣ, ягонагӣ ва рӯҳияи даставӣ низ мебошад.
Маросими тантанавии қадрдонии ғолибон ва ҷоизадорон дар рӯзҳои наздик баргузор мешавад.
Акс: Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
