Роҳбарони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гул гузоштанд
Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 октябр дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии пойтахт маросими гулгузории роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Меҳмонони олиқадр бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
