Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Пойтахти Тоҷикистон соли 2027 метавонад ба макони баргузории Форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» табдил ёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Масъалаи омодагӣ ва баргузории форум зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо мудири минтақавӣ оид ба Аврупо ва АвруОсиёи Марказии Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) Наталия Отел Белан ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Маркази соҳибкории хусусии байналмилалӣ дар самтҳои дастгирии бахши хусусӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими муколамаи давлату бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди устувори иқтисодӣ равона шудаанд, зоҳир гардид. Иштирокчиёни мулоқот аҳамияти таҳкими робитаҳои шарикӣ ва табодули таҷрибаро барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва васеъ намудани имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ба андешаи коршиносон, қолаби «С5+1», ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муттаҳид менамояд, дар солҳои охир ба яке аз майдонҳои муҳими баррасии масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди долонҳои нақлиётӣ ва рушди устувори минтақа табдил ёфтааст. Баргузории чунин форум дар Душанбе метавонад боз як далели нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва муколамаи байналмилалии иқтисодӣ бошад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва густариши имкониятҳои сармоягузорӣ таъкид намуданд.
Интизор меравад, ки баргузории Форуми «С5+1» дар Душанбе барои таҳкими робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ҷалби шарикони нав ба татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар кишвар ва минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Акс: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
