Тоҷикистон ва Эрон шарикии стратегиро таҳким мебахшанд: Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Эрон шарикии стратегиро таҳким мебахшанд: Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Душанбе, 04 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 июл ҷиҳати иштирок дар маросими арҷгузорӣ ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистонро шахсони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар оғози мулоқот Пешвои миллат бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба даргузашти собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори ҳамдардӣ ва таслият намуда, эҳтироми амиқи Тоҷикистонро нисбат ба хизматҳои ин шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва динӣ таъкид карданд.

Зимни музокирот ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун яке аз абзорҳои асосии густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо аз рушди устувори гардиши мол миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар панҷ соли охир ҳаҷми табодули молу коло ҳашт баробар афзуда, соли 2025 қариб ба 500 миллион доллари ИМА расидааст. Ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки тамоми имкониятҳо барои дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллар расонидани ин нишондиҳанда мавҷуданд.

Аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда рушди соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ номбар гардиданд. Амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар ин бахшҳо ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, рушди сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои истеҳсолӣ арзёбӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амнияти минтақавӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз идомаи раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа ҷонибдорӣ намуда, аҳаммияти ҳифзи суботу ҳамдигарфаҳмиро таъкид карданд.

Дар анҷоми мулоқот сарони ду давлат аз омодагии худ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Эрон изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид карданд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар бар пояи эътимоди сиёсӣ, наздикии таърихиву фарҳангӣ ва манфиатҳои муштарак дар роҳи таъмини субот ва рушди устувори минтақа минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон