Остона, 26 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дастаи BULAN (Булан) Донишкадаи Назарбоев дар чемпионати байналмилалӣ оид ба робототехника ABU Robocon 2026 (АБУ Робокон 2026) дар Ҳонконг ҷоизаи бонуфузро ба даст овард. Донишҷӯёни Қазоқистон дар байни иштирокчиёни 21 кишвар ҷоизаи Mabuchi Motor Award (Mabuchi Motor Eword) – ро ба даст оварданд.

Ҷоиза барои ҳалли аслии муҳандисӣ, сифати сохтори механикӣ ва омезиши самараноки ҷузъҳои механикӣ, электронӣ ва барномавӣ дода мешавад.
Барои Қазоқистон иштирок дар чемпионат пас аз танаффуси ҳафтсола бозгашт ба арсаи байналмилалӣ буд. Интихоби миллӣ санаи 1-уми июл дар доираи Almaty Tech Cup (Алмаато Тек Кап) баргузор шуд. Дастаи ғолиби BULAN (Булан) ҳуқуқи намояндагии кишварро дар Ҳонконг ба даст овард.
Дар ҳайати дастаи мунтахаб 28 донишҷӯи ихтисосҳои гуногун аз механика ва электроника то барномасозӣ, тарроҳӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дохил шуданд.
“Ин ҷоиза сатҳи баланди омодагии донишҷӯёни моро тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки ҷавонони Қазоқистон қодиранд ҳалли рақобатпазири технологӣ эҷод кунанд”, — қайд намуданд намояндагони даста.

Дар марҳилаи байналмилалӣ Қазоқистонро Мейирҷон Таздарбай, Темирлан Амангелди, Аймедет Тауфик, Фаршед Иброҳимов ва Дастан Мусрепов намояндагӣ намуданд. Муваффақият як қадами муҳим барои рушди муҳандисии донишҷӯён ва робототехника дар кишвар буд.
Аксҳо: Донишгоҳи Назарбоев
