Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия баргузор шуд

Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 сентябр дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Константин Могилевский баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, профессор Алексей Золотухин, аъзои раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, инчунин намояндагони роҳбарияти филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Русия дар Душанбе иштирок намуданд.

Дар меҳвари мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи донишгоҳ, такмили фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва байналмилалӣ, густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Русия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак қарор доштанд. Ҳамзамон, дурнамои таъсиси барномаҳои нави таълимӣ ва самтҳои омодасозии мутахассисон бо дарназардошти талаботи муосир ба ихтисос ва сатҳи тахассусии кадрҳо баррасӣ гардид.

Ба рушди ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Яке аз самтҳои муҳими баррасишуда таъсиси Маркази салоҳиятҳои касбӣ буд. Пешбинӣ мешавад, ки фаъолияти он ба омодасозии амалигароёнаи донишҷӯён, такмили ихтисос, таҳсилоти иловагии касбӣ ва густариши ҳамкории донишгоҳ бо корфармоён равона гардад. Ин иқдом метавонад барои пайванди наздиктари таҳсилоти олӣ бо талаботи воқеии бозори меҳнат замина фароҳам созад.

Дар рӯзномаи мулоқот инчунин масъалаҳои дастгирӣ ва рушди забони русӣ, татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва маърифатӣ, баланд бардоштани сифати таълими забон ва омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ҷой доштанд.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Константин Могилевский баромад карда, самтҳои асосии ҳамкории минбаъда дар соҳаи таҳсилоти олиро муайян намуд. Ӯ ба аҳамияти рушди ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъкид кард.

Ректори донишгоҳ Алексей Золотухин самтҳои асосии стратегияи рушди муассиса ва пешниҳодҳои мушаххасро оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти он муаррифӣ намуд.

Зимни мулоқот бо ҳайати профессорону омӯзгорон вобаста ба масъалаҳои мубрами рушди донишгоҳ табодули афкор сурат гирифт. Кормандони донишгоҳ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани музди меҳнат, таҳкими заминаи моддию техникии факултети илмҳои табиӣ, рушди минбаъдаи низоми омодасозии мутахассисон ва дурнамои тағйири моделҳои таълимиро матраҳ намуданд.

Дар баробари ин, масъалаи омодасозии рӯзноманигорон дар шароити рушди босуръати зеҳни сунъӣ, платформаҳои рақамӣ ва технологияҳои нави расонаӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Аз ҷумла, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимии донишгоҳҳои Русия ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисоне баррасӣ шуданд, ки ба талаботи муосири соҳаи расонаҳои Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд.

Дар анҷоми мулоқот ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Алексей Золотухин барои сафари Константин Могилевский ва таваҷҷуҳи ӯ ба масъалаҳои рушди донишгоҳ изҳори сипос намуда, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Русия ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро таъкид кард.

Дар доираи барномаи сафар ҳамчунин машварати корӣ бо роҳбарияти донишгоҳ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Русия баргузор гардид. Дар он ректор, муовинони ректор ва деканҳои факултетҳои донишгоҳ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои Русия иштирок карданд.

Дар ҷараёни машварат пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъдаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон муаррифӣ шуда, самтҳои ҳамкорӣ ва имкониятҳои дастгирии донишгоҳ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии Русия баррасӣ гардиданд.

Дар машварат намояндагони Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Кабир, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Мактаби олии иқтисод», Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии забони русӣ ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСИС», Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «МЭИ», Донишгоҳи давлатии техникии Дон ва Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия иштирок карданд.

Дар натиҷаи мулоқотҳо самтҳои асосии ҳамкории минбаъда муайян гардиданд. Онҳо ба рушди ташаббусҳои таълимӣ ва илмӣ, таҳкими робитаҳои шарикӣ ва васеъ намудани имкониятҳои фаъолияти муштараки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Русия равона шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон