Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт анҷом ёфт: 69 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуд - ИА Караван Инфо
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт анҷом ёфт: 69 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуд

Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 12 сентябр ба анҷом расид. Пас аз анҷоми барномаи боздид аз минтақаи Рашт Сарвари давлат ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт роҳбарият ва фаъолони ноҳия Президенти кишварро бо самимияти баланд гусел намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ дар фурӯдгоҳ Пешвои миллат нақши соҳибкоронро дар дастгирии иқдомҳои Ҳукумати кишвар, саҳми онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ таъкид карданд. Сарвари давлат пешрафти тадриҷии иқтисодиёт ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардумро яке аз натиҷаҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ва суботу оромии Ватан арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи суҳбат роҳбарияти ноҳия ва намояндагони бахши хусусӣ ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ вазифадор гардиданд. Аз ҷумла, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисос, ба инобат гирифтани талаботи муосири шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншооти нав, дастгирии деҳқонон ва густариши таҷрибаҳои муосири парвариши зироат ва ҷамъоварии ҳосил таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳамзамон, истифодаи васеи имкониятҳои табиӣ барои афзоиши истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии минтақа таъкид карда шуд. Ин вазифаҳо дар маҷмӯъ ба истифодаи бештари иқтидори дохилии ноҳияҳо ва таҳкими заминаи истеҳсоливу иҷтимоии онҳо равона шудаанд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод 69 иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат бо сокинони минтақа мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди маҳаллӣ, ободонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Яке аз бахшҳои муҳими барномаи сафар иштирок дар барномаи сатҳи баланди фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт буд. Ин чорабинӣ дар канори барномаи иқтисодию иҷтимоии сафар ба ҷанбаҳои фарҳангиву маънавии таҷлили ҷашни миллӣ низ аҳамияти хос бахшид.

Дар маҷмӯъ, сафари кории Пешвои миллат ба минтақаи Рашт ҳамзамон бо ифтитоҳи иншооти нав, мулоқӯҳо бо мардум ва баррасии масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ба муайян намудани вазифаҳои минбаъда барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва таҳкими иқтидори истеҳсолии ноҳияҳо нигаронида шуд.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон