Ҳайати намояндагии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Тоҷикистон аз Департаменти муҳофизаи Беларус боздид кард - ИА Караван Инфо
Ҳайати намояндагии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Тоҷикистон аз Департаменти муҳофизаи Беларус боздид кард

Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи XXIII Намоиш-озмуни кушоди ҷумҳуриявии маҳорати касбии кормандони хадамоти муҳофиза ҳайати намояндагии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали ин ниҳод генерал-майори милитсия Ватанзода Файзулло аз дастгоҳи Департаменти муҳофизаи Ҷумҳурии Беларус боздид ба амал овард.

Зимни боздид ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо фаъолияти сохторҳои Департаменти муҳофизаи Ҷумҳурии Беларус, тарзи ташкили хизмати фаврӣ-навбатдорӣ, низоми мониторинг ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти таъмини амнияти иншооти муҳими давлатӣ ва дигар объектҳои муҳофизатшаванда шинос гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, истифодаи имкониятҳои муосири техникӣ ва такмили фаъолияти хадамоти муҳофизатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон барои меҳмонон воситаҳои техникии махсус, таҷҳизот ва дастовардҳои Департаменти муҳофиза ба намоиш гузошта шуданд. Намояндагони Хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти маркази муосири амнияти пойтахти Ҷумҳурии Беларус низ шинос гардиданд.

Боздид ба таҳкими робитаҳои касбӣ байни ниҳодҳои муҳофизатии ду кишвар ва мубодилаи таҷрибаи амалӣ дар самти таъмини амнияти объектҳо мусоидат намуд.

Акс: Хадамоти матбуотии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон