Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ шумораи парвозҳои мунтазами байни кишварҳоро дуюним маротиба зиёд намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ шумораи парвозҳои мунтазами байни кишварҳоро дуюним маротиба зиёд намуданд

Эр-Риёд, 27 августи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Эр-Риёд, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон Талгат Ластаев ва иҷрокунандаи вазифаи президенти идораи Асосии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Сулаймон бин Аҳмад Албассам Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо намуданд.

Натиҷаи асосии мулоқот васеъ намудани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва зиёд намудани басомади иҷозатдодашудаи парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ аз 28 то 70 дар як ҳафта буд. Дар доираи созишномаҳои нав, ширкатҳои ҳавопаймоии ду давлат нақша доранд, ки парвозҳои мунтазами мустақимро байни Остона ва Эр-Риёд оғоз кунанд ва инчунин шабакаи хатсайрҳоро аз дигар шаҳрҳои Қазоқистон ва Саудӣ васеъ намоянд.

Вазорати нақлиёти ҶҚ қайд мекунад, ки либерализатсияи фазои осмонӣ барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории тарафайн ва осон намудани сафарҳо барои зиёратгарон ва сайёҳон шароит фароҳам меорад.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ