Муҳоҷиронро дар Россия қоидаҳои нав интизоранд. Дар бораи онҳо муфассал нақл мекунем - ИА Караван Инфо
Муҳоҷиронро дар Россия қоидаҳои нав интизоранд. Дар бораи онҳо муфассал нақл мекунем

Душанбе, 28 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз соли 2027 дар Россия тағйироти ҷиддии қонунгузории муҳоҷиратӣ эътибор пайдо мекунанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар кишвар кор мекунанд, бояд мавҷудияти даромади кофӣ барои нигоҳдории худ ва аъзои оилаи дар таҳти ғамхории онҳо бударо исбот кунанд. Дар акси ҳол ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ метавонанд бекор карда шаванд ва будубош дар кишвар ғайриимкон гардад. Тағйирот ба қонуни «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» ва Кодекси андоз ворид карда шудаанд.

Муҳоҷирон бояд сатҳи кофии даромадро тасдиқ кунанд. Он бояд барои нигоҳдории худи хориҷӣ ва аъзои оилаи дар Россия дар таҳти ғамхории ӯ буда кифоя бошад.

Даромадро тавассути мақомоти андоз тафтиш мекунанд: аз 1 октябри соли 2026 ВКД аз Хадамоти федералии андоз маълумотро дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ мунтазам гирифта меистад. Даромади паст ё набудани маълумот дар бораи он метавонад асос барои рад кардани додани патент, иҷозати кор, иҷозати муваққатии зист (РВП) ё иҷозатномаи зист (ВНЖ) ё бекор кардани онҳо гардад.

Ҳангоми ҳисоби даромади зарурӣ аъзои оилаи дар таҳти ғамхорӣ буда ба назар гирифта мешаванд. Тартиби пардохти андози муайяншудаи пешакии НДФЛ барои аъзои оилаи коркунандагони бо патент тағйир меёбад. Доираи хориҷиёне, ки бояд андози муайяншудаи пешакии НДФЛ пардохт кунанд, васеъ мешавад, аз ҷумла баъзе шаҳрвандоне, ки назди шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва хонагӣ кор мекунанд.

Арзиши барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ хеле боло рафт. Қоидаҳои истифодаи SIM-кортҳо сахттар мешаванд: ҳангоми барасмиятдарорӣ бояд маълумоти дастгоҳ, аз ҷумла IMEI нишон дода шавад.

Барои барасмиятдарории SIM бе IMEI ё бо IMEI-и барқасдона нодуруст ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мешавад — барои фурӯшанда, на барои худи муҳоҷир. Мӯҳлати будубоши кӯдаки ноболиғ бо вазъи қонунии волид алоқаманд мешавад. Пас аз 18-солагӣ ҷавон дигар наметавонад танҳо дар асоси вазъи кӯдак дар Россия бимонад.

Ягон маблағи муайяни ягонаи даромад барои тамоми Россия вуҷуд надорад. Аз 1 январи соли 2027 шаҳрванди хориҷии коркунанда бояд даромаде дошта бошад, ки на камтар аз ҳадди ақали зист барои як нафар дар минтақаи кор, зарб дар коэффициент ва бо назардошти шумораи аъзои оилаи дар таҳти ғамхорӣ буда бошад.

Агар муҳоҷир танҳо зиндагӣ кунад, танҳо ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад. Агар бо ӯ зан ва ду фарзанд дар таҳти ғамхорӣ бошанд — ҳисоб барои чор нафар сурат мегирад.

Давлат маълумотро муқоиса мекунад. Аз 1 октябри соли 2026 мақомоти андоз вазифадоранд мунтазам ба ВКД маълумот дар бораи даромади хориҷиёнро интиқол диҳанд. Ӯҳдадории худи шаҳрванд барои тасдиқи даромад дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун низ боқӣ мемонад. Ин амалан имкони доштани як музди меҳнат аз рӯи шартномаи меҳнатӣ ва дигарашро «расмӣ» истисно мекунад.

Даромади нокифоя ё набудани маълумот дар бораи он асосҳои нави рад кардани додани патент, иҷозати кор, иҷозтаи истиқомати муваққатӣ ва иҷозати иқомати доимӣ ё бекор кардани онҳо мегардад. Доштани иҷозати истиқомати муваққатӣ ва иҷозати иқомати доимӣ дигар аз тафтиши вазъи молиявӣ озод намекунад.

Агар муҳоҷир бо иҷозаи истиқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомати доимӣ корро гум кунад, то се моҳ вақт дорад, ки ба ҷои нави кор ҷойгир шавад.

Истисноҳо пешбинӣ шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, ба донишҷӯёни рӯзона, нафақахӯрон, ғайриқобилиятдорон, баъзе ноболиғон ва ғайриқобилиятдорон, инчунин шаҳрвандони Беларус ва аъзои оилаи онҳо дахл доранд.

Барои фарзандони муҳоҷирон пас аз 18-солагӣ асосҳои қонунии шахсии будубош — масалан, патент — лозим мешавад. Дар акси ҳол бояд дар мӯҳлати муқарраршуда аз Россия барояд.

Дар баробари ин боҷҳои давлатӣ хеле боло рафтанд (аз 26 июли соли 2026):

  • иҷозатномаи зист — аз 6000 то 30 000 рубл;
  • иҷозати муваққатии зист — аз 1920 то 15 000 рубл;
  • қабул ба шаҳрвандии ФР — аз 4200 то 50 000 рубл.

Мӯҳлатҳои асосии эътибор пайдо кардан:

  • аз 26 июли соли 2026 — андозаҳои нави боҷҳои давлатӣ;
  • аз 1 октябри соли 2026 — интиқоли мунтазами маълумоти андозӣ дар бораи даромад ба ВКД;
  • аз 1 январи соли 2027 — талабот ба андозаи даромад.

Аз нуқтаи назари таҳлилӣ қоидаҳои нав курси назорати сахттари будубоши қонунӣ ва мустақилияти молиявии шаҳрвандони хориҷиро инъикос мекунанд.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қисми зиёди онҳо дар Россия кор мекунанд, ин тағйирот аҳамияти ҷойгиршавии расмии корӣ, инъикоси дурусти даромад ва барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳоро баланд мебардорад.

 Система барои давлат шаффофтар ва барои муҳоҷирон талабкорона мешавад. Огоҳии саривақтӣ ва омодагӣ ба шароити нав имкон медиҳад, ки аз хатарҳои бекор кардани вазъ ва маҷбуран баромадан пешгирӣ карда шавад.

Акс: Sputnik / Natalia Seliverstova