Абу-Даби, 28 августи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев бо Муовини вазири корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб Умар Обейд Алхесан Ал-Шамсӣ ва ёвари вазири корҳои хориҷии АМА оид ба рушди байналмилалӣ ва созмонҳо Султон Муҳаммад Ал-Шамсӣ гуфтушунид намуд. Ҷонибҳо амиқтар шудани муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои консулиро баррасӣ намуданд. АМА ба панҷгонаи сармоягузорони бузурги хориҷии Қазоқистон дохил мешавад. Таваҷҷӯҳи тарафайн ба татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ тасдиқ намуда шуд.

Исагалиев ба ҷониби аморат дар бораи ташаббуси президент Қасим-Жомарт Токаев оид ба таъсиси созмони Байналмилалии захираҳои об хабар дод. Ҳамчунин омодагӣ ба Конфронси III СММ оид ба захираҳои об, ки 8-10 декабр дар Абу-Даби баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Ҳайати қазоқистон платформаи рақамии ВКХ-и АМА ва имкониятҳои онро барои беҳтар намудани хидматҳои консулӣ пешниҳод намуд. Ҷонибҳо ба табодули таҷриба оид ба рақамикунонии фаъолияти консулӣ манфиатдоранд.
Дар музокирот ҳамкорӣ дар доираи СММ, СҲИ ва ИОПБ, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ба миён омаданд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
