Остона, 02 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмони Ҳамкории Шанхай дар формати «СҲШ плюс» идома ёфт.

Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар саммити “СҲШ плюс” дар Бишкек суханронӣ намуд. Вай раёсати Қирғизистонро баланд арзёбӣ намуд ва аҳамияти созмонро барои суботи Авруосиё таъкид кард.
“Натиҷаҳои саммити Бишкек ба расидан ба ҳадафҳои умумӣ такони нав мебахшанд ва СҲШ — ро ҳамчун яке аз такягоҳҳои калидии субот дар фазои авруосиё тақвият медиҳанд”,- изҳор дошт Қасим-Ҷомарт Токаев.

Сарвари давлат даъват намуд, ки принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ризоият ва ҳамкории бисёрҷониба пешбарӣ намуда шаванд. Вай пешниҳод намуд, ки принсипҳои асосии СҲШ дар қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ мустаҳкам карда шаванд.
Президент зарурати баланд бардоштани самаранокии СММ-ро алоҳида қайд намуд. Ба гуфтаи вай, сарфи назар аз танқид, алтернатива ба ин созмон вуҷуд надорад.
“Созмони Милали Муттаҳид бояд маркази низоми байналмилалӣ боқӣ монад ва Оинномаи он асоси универсалии ҳуқуқи байналмилалӣ бошад”, — таъкид намуд Касим — Жомарт Токаев.



Вай дипломатияи пешгирикунанда, рушди масъули зеҳни сунъӣ ва амнияти обро самтҳои муҳим номид. Қазоқистон пешниҳод намуд, ки як созмони байналмилалии об таҳти сарпарастии СММ ва инчунин Маркази таҳлили мушкилоти оби СҲШ таъсис дода шавад.

Президент инчунин нақши қудратҳои масъули миёнаро дар таҳкими муколамаи байналмилалӣ қайд намуд.
“Масъулияти умумии мо тасдиқи принсипҳои амнияти баробар ва тақсимнашаванда, баробарии соҳибихтиёр ва эҳтироми тарафайн аст”, — хулоса намуд Касим — Ҷомарт Токаев.
Аксҳо: Акорда
