Токаев  ва  Сисулит  ҳамкориро муҳокима  намуданд - ИА Караван Инфо
Токаев  ва  Сисулит  ҳамкориро муҳокима  намуданд

Остона, 4 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Президентҳои Қазоқистон Ва Лаос Касим-Жомарт Токаев ва Тхонглун Сисулит дар ҳайати васеъ гуфтушунидҳо анҷом доданд. Ҷонибҳо рушди ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳамкории нақлиетӣ-логистикӣ, имкониятҳои сармоягузориро муҳокима намуда, чор санади байниҳукуматиро имзо намуданд.

Токаев Лаосро шарики муҳим дар Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ номид ва изҳори манфиатдорӣ намуд, ки интиқоли маҳсулоти металлургӣ, хӯрокворӣ, нефтехимия, кишоварзӣ, кимие, мошинсозӣ ва дорусозии қазоқистонро ба бозори лаос васеъ кунад. Вай инчунин ба ширкатҳои Лаос пешниҳод намуд, ки аз имкониятҳои маркази Байналмилалии молиявии “Астана” (МБМА) истифода баранд, ки зиёда аз 6 300 ширкатро аз 90 кишвар муттаҳид мекунад ва 27 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб намудааст.

Рохбари Қазоқистон иқтидори нақлиётро алоҳида қайд намуд: кишвар тақрибан 85% интиқоли континенталии байни Чин ва Аврупоро таъмин мекунад. Терминалҳои Қазоқистон дар бандарҳои Батуми (Гурчистон) ва Лянюнган (Чин) кор мекунанд, дар Сиан марказ оғоз ёфт. Токаев пешниҳод намуд, ки ин гузаргоҳҳо барои ворид шудани маҳсулоти Лаос ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо истифода шаванд ва инчунин созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба имзо расанд.

Дар навбати худ, Тхонглун Сисулит ташрифро як марҳилаи муҳим дар муносибатҳои дуҷониба номид ва ба Қазоқистон барои кӯмак дар тайёр намудани кадрҳо ташаккур гуфт: садҳо мутахассисони лаосӣ дар Қазоқистон таҳсил намудаанд.

«Қазоқистон аз замони муборизаи озодихоҳии Миллӣ ба Лаос кӯмак мерасонд ва дастгирии кишвари моро идома медиҳад. Сафари кунунӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳад намуд ” гуфт президенти Лаос.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо изҳороти муштарак қабул намуда шуд. Меморандумҳо байни Вазорати Корҳои хориҷии ду кишвар, прокуратураҳои генералӣ, вазоратҳои рушди рақамӣ ва илм, инчунин ҳуҷҷати барқарор намудани робитаҳои бародарӣ байни Остона ва Вентьян ба имзо расиданд.

Аксҳо: Акорда