Остона, 8 сентябри соли 2026-АИ КараванИнфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев нусхаи эътимодномаҳоро аз сафири навтаъиншудаи Миср дар Қазоқистон Самеҳ Шехата қабул намуд. Исагалиев дипломати мисрро бо таъин шуданаш табрик гуфт ва изҳори боварӣ намуд, ки фаъолияти ӯ ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Остона ва Қоҳира такон мебахшад.

Дар навбати худ, сафири Миср изҳор дошт, ки дар ҷараёни ин миссия барои рушди муносибатҳои байни ду кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод. Ҷонибҳо фаъолсозии муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ ва содда намудани расмиети раводидро баррасӣ намуданд. Дипломатҳо инчунин изҳори ният карданд, ки кори муштаракро барои амиқтар намудани ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва табодули сафарҳо дар сатҳи баланд идома диҳанд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
