Ҷавонони Қазоқистон ояндаи соҳаи атомро муҳокима намуданд - ИА Караван Инфо
Ҷавонони Қазоқистон ояндаи соҳаи атомро муҳокима намуданд

Остона, 11 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н.Гумилёв муколамаи миллии ҷавонон “Муколамаи хастаӣ дар баробарӣ: роҳи ҷавонон ба соҳаи атомӣ” баргузор шуд. Дар мулоқоти кушод бо донишҷӯён Вазири илм ва таҳсилоти олӣ Саясат Нурбек ва роҳбари Агентии барқии атомӣ Алмасадам Саткалиев иштирок намуданд. Дар бораи тайёр намудани мутахассисон, барномаҳои таълимӣ, амалия ва салоҳиятҳои нав барои соҳаи атомӣ муҳокима намуда шуд.

Тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи ҳастаӣ дар 12 донишгоҳи Қазоқистон сурат мегирад. Аз соли 2000 инҷониб дар доираи барномаҳои махсус тақрибан 4,5 ҳазор мутахассис тайёр карда шудааст. Саноат на танхо ба физикхо ва инженерхо, балки ба мутахассисони сохаи технологияи информационй, иктисодиёт, экология, хамкории байналхалкй ва дигар сохахо низ эхтиёч дорад. Бо назардошти рушди энергетикаи атомӣ, талабот васеъ мешавад: муҳандисон, олимон, муаллимон, мутахассисони робототехника, таҳлили маълумот, киберамният ва мониторинги муҳити зист лозиманд.

“Саноати атомӣ на танҳо технология ва инфрасохторро дар бар мегирад, балки одамоне, ки рушди онро таъмин мекунанд. Ташаккули соҳаи нави атомии Қазоқистон бе заминаи қавии илмӣ ва таълимӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, вазифаи мо имрӯз аст: фароҳам овардани шароит барои тайер намудани мутахассисон бо донишҳои бунедӣ, салоҳиятҳои муосири муҳандисӣ ва рақамӣ”, – таъкид намуд Саясат Нурбек.

Таҷрибаомӯзӣ ва корҳои практикӣ ба донишҷӯён аз ҷониби маркази Миллии ҳастаӣ ва Институти физикаи ҳастаӣ таъмин намуда мешавад. Дар даҳ соли охир дар филиали Остонаи Институти физикаи ҳастаӣ зиёда аз 500 донишҷӯи донишгоҳи миллии Авруосие (ДДУ) таҷрибаомӯзӣ намудаанд. Зиёда аз 100 нафар хатмкунандагон дар филиал, Агентӣ ва дигар ташкилотҳои махсус кор мекунанд.

Ба имкониятҳои байналмилалии таълимӣ диққати махсус дода шуд. Донишҷӯён метавонанд дар барномаҳои муштарак бо институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаӣ иштирок кунанд, дар Барномаи байналмилалии магистрии ТЮНЕМ (TUNEM) дар Донишгоҳи Синхуа таҳсил кунанд ва инчунин ба стипендияи “Атомик Энерджи Сколаршип” (Atomic Energy Scholarship) даъво кунанд. Тибқи барномаи “Болашак” барои кормандони соҳаи хастаӣ ҳар сол 20 стипендия ҷудо намуда мешавад.

“Мо мехоҳем, ки мутахассиси ҷавони қазоқистонро на танҳо корманди нерӯгоҳи барқи атомӣ (НБА), балки мутахассисе бинем, ки қодир аст дар рушди тамоми соҳаи атомии кишвар иштирок кунад”, – қайд намуд раиси Агентӣ Алмасадам Саткалиев.

Иштирокчиён инчунин таъсири лоиҳаҳоро ба рушди иҷқимоию иқтисодии минтақаҳо муҳокима намуданд. Сохтмони иншоот дар ноҳияи Шаҳраки Улкен ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Дар марҳилаи сохтмон беш аз 10 ҳазор нафар лозим аст.

Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ