Баргузории экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов дар пиряхи Тоҷикистон - ИА Караван Инфо
Баргузории экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов дар пиряхи Тоҷикистон

Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 25 август то 7 сентябри соли 2026 дар пиряхи Тоҷикистон (собиқ пиряхи Федченко), ки дар минтақаи баландкӯҳи Помир ҷойгир аст, экспедитсияи байналмилалии муштараки илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид.

Экспедитсия аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Донишгоҳи Фрибурги Конфедератсияи Швейтсария ва Институти илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Австрия ташкил карда шуд.

Он ба амалӣ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, инчунин ба татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034» равона гардидааст.

Минтақаҳои баландкӯҳи Помир яке аз минтақаҳои муҳим барои омӯзиши тағйирёбии иқлим ва ҳолати криосфера ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо ва қабати барф дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта, мушоҳидаҳои мунтазами инструменталӣ дар баландкӯҳ барои арзёбии динамикаи пиряхҳо, тағйирёбии шароити обуҳавошиносӣ ва равандҳои криосферӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Дар ин замина яке аз муҳимтарин объектҳои таҳқиқоти дарозмуддат системаи яхбандии пиряхи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки яке аз бузургтарин системаҳои яхбандии кӯҳии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ҳудуди он, дар баландии тақрибан 4200 метр аз сатҳи баҳр, стансияи баландкӯҳи обуҳавосанҷии ба номи Г. М. Горбунов ҷойгир аст. Мавқеи баландкӯҳии стансия имкон медиҳад, ки маълумоти бевосита ва арзишманд оид ба шароити обуҳавошиносӣ ва равандҳои яхшиносӣ дар яке аз минтақаҳои баландкӯҳи Помир ба даст оварда шавад.

Соли 2025 дар доираи экспедитсияи муштараки Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти стансияи Горбунов барқарор гардида, барои идомаи мушоҳидаҳои худкор заминаи зарурӣ фароҳам оварда шуд. Экспедитсияи байналмилалии соли 2026 марҳилаи нави ин раванд гардида, ҳадафи асосии он навсозии пурраи таҷҳизоти стансия, такмили низоми мушоҳидаҳо ва барқарор намудани интиқоли маълумоти обуҳавошиносӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни экспедитсия ташхиси техникии стансия ва таҷҳизоти он гузаронида шуда, сенсорҳои амалкунанда иваз ва сенсорҳои нави мушоҳидавӣ насб гардиданд. Ҳамчунин корҳои танзим ва санҷиши таҷҳизот, мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ ва омӯзиши ҳолати ҳудуди атрофи стансия анҷом дода шуданд.

Яке аз натиҷаҳои муҳим пурра барқарор гардидани интиқоли маълумоти мушоҳидавӣ аз стансия ба Маркази ҷамъоварии маълумоти фаврии Агентии обуҳавошиносӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти обуҳавошиносӣ аз баландии 4200 метр ба таври мунтазам дастрас гардида, барои таҳлил, пешгӯӣ ва арзёбии тағйирёбии шароити иқлимӣ дар минтақа истифода шавад.

Иштирокчиёни экспедитсия аксбардорӣ ва наворбардории ҳолати стансия, таҷҳизоти он ва сатҳи пиряхро низ анҷом дода, маводи заруриро барои арзёбии минбаъдаи ҳолати муҳити баландкӯҳ ҷамъоварӣ намуданд.

Барқарорсозӣ ва навсозии стансияи Горбунов намунаи муҳими ҳамкории амалии Тоҷикистон бо муассисаҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва мониторинги криосфера мебошад. Ҳамкории Агентии обуҳавошиносӣ бо Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ва Институти илм ва технологияҳои Австрия имкон медиҳад, ки таҷрибаи миллӣ бо дониш, технология ва таҷрибаи байналмилалӣ пайваст карда шавад.

Гузаронидани чунин корҳои муштарак ҳамчун саҳми амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034» ба ҳисоб меравад. Ин ташаббуси байналмилалӣ ба рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳкими низомҳои мушоҳидавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар омӯзиши криосфера равона шудааст.

Марҳилаи минбаъда пайваст намудани стансияи худкори обуҳавосанҷии Горбунов ба шабакаҳои байналмилалии мониторинг мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маълумоти аз баландкӯҳ бадастомада ба низомҳои байналмилалии мубодилаи маълумот ворид гардида, дар таҳқиқоти минтақавӣ ва ҷаҳонии тағйирёбии иқлим истифода шавад.

Дар дурнамои дарозмуддат барқарорсозӣ ва навсозии пурраи инфрасохтори стансия бо рушди он ҳамчун Пойгоҳи байналмилалии баландкӯҳи яхшиносӣ пешбинӣ мегардад. Дар чунин ҳолат стансияи Горбунов метавонад ба як маркази доимии мушоҳидаҳои комплексӣ табдил ёфта, дар он мониторинги пиряхҳо, қабати барф, омилҳои обуҳавошиносӣ ва дигар ҷузъҳои криосфераи Помир ба таври мунтазам анҷом дода шаванд.

Ин иқдом барои таҳкими низоми миллии мониторинги криосфера ва ҳамзамон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули маълумот ва омӯзиши тағйирёбии пиряхҳои Осиёи Марказӣ заминаи муҳим фароҳам хоҳад овард.

Акс: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон