Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷинояткории фаромиллӣ ҳарчи бештар аз доираи як давлат берун рафта, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории фаврӣ, мубодилаи босифати иттилоот ва иқдомҳои ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.

Дар ҳамин замина, рӯзҳои 8–10 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии роҳбарони Бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори вохӯрӣ ҳайати Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори БММ «Интерпол», подполковники милитсия Тоҷиддин Нуриддинзода иштирок намуд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии мулоқот таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бюроҳои миллии марказии «Интерпол» буд. Дар ин замина ба суръат ва сифати мубодилаи иттилоот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши шабакаҳои ҷиноятии фаромиллӣ мубодилаи иттилоот ба яке аз воситаҳои калидии пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, иштирокчиёни вохӯрӣ имкониятҳои такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкории муштарак ва вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои навро низ баррасӣ намуданд.
Бахши алоҳидаи музокирот ба муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории киберӣ, терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ бахшида шуд.
Барои Тоҷикистон, ки ҳамчун узви ҷомеаи минтақавӣ дар таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ саҳм мегузорад, рушди чунин механизмҳои ҳамкорӣ аҳамияти амалӣ дорад. Мубодилаи самараноки иттилоот тавассути Бюроҳои миллии марказии «Интерпол» метавонад ба суръат бахшидани интиқоли маълумоти фаврӣ, мусоидат ба ҷустуҷӯи ашхоси таҳти пайгарди байналмилалӣ қарордошта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳое, ки фаъолияти ҷиноятӣ аз марзи як кишвар берун меравад, мусоидат намояд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳо миёни Бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои аъзои ИДМ муайян гардиданд.
Баргузории чунин мулоқотҳо барои ташаккули заминаи иловагӣ ҷиҳати вокуниши ҳамоҳангшуда ба таҳдидҳои муосири амниятӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Акс: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
