Душанбе, 14 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе марҳилаи омодагӣ ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз гардид.

Ин чорабиниҳо рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот 11 сентябр таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият ва аъзои Кумитаи тадорукот, инчунин намояндагони сохторҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Дар маркази баррасӣ маҷмӯи масъалаҳои ташкилӣ ва муҳтавоиеро ташкил доданд, ки баргузории чорабиниҳои дарпешистодаро дар сатҳи баланди ташкиливу мундариҷавӣ таъмин хоҳанд кард.
Аз ҷумла, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, консепсия ва барномаи Форум, барномаи «Ҳафтаи соҳибкорӣ», ташкили форуму ҳамоишҳои соҳавӣ, намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорони ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барномаи фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бахши алоҳидаи масъалаҳо ба ташкили низоми ягонаи ороишӣ ва визуалии чорабиниҳо, таҳияи харҷнома, муайян намудани теъдод ва ҳайати иштирокчиён ва даъвати соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, соҳибкорони бурунмарзӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ бахшида шуд.
Дар асл, Форуми дарпешистода на танҳо маҷмӯи чорабиниҳои корӣ, балки метавонад ба як майдони муҳими густариши муколамаи мустақим миёни давлат, соҳибкории ватанӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ табдил ёбад. Дар ин замина, муҳтавои барномаи корӣ ва имкони табдил додани ташаббусҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои мушаххас ва созишҳои амалишаванда аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, номзадҳо аз рӯйи номинатсияҳои муқарраргардида, тарҳи мукофотҳо ва сипосномаҳо, инчунин тартиби ҷамъбасти озмун мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба инъикоси иттилоотии чорабиниҳои дарпешистода низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ба сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати инъикоси васеи мулоқот ва Форум дар воситаҳои ахбори омма маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, филми мустанад ва роликҳои муаррифӣ омода намуда, кори мунтазами воситаҳои ахбори оммаро ба роҳ монанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳо ва сохторҳои масъул ҷиҳати тақвияти корҳои омодагӣ ва таъмини иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии срмоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ
