Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории саноатиро густариш медиҳанд: аз истихроҷи маъдан то зеҳни сунъӣ - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории саноатиро густариш медиҳанд: аз истихроҷи маъдан то зеҳни сунъӣ

Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ният доранд ҳамкории саноатии худро дар самтҳои истихроҷу коркарди маъдан, рушди истеҳсолоти нав, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ густариш диҳанд. Дар ин бора 14 сентябр дар шаҳри Сеул зимни нахустин ҷаласаи Механизми машваратии вазирони саноат дар қолаби «C5+1» мувофиқа ҳосил гардид.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо вазъи муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ карда, ба рушди саноати маъдан, истифодаи захираҳои минералӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар равандҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар натиҷаи нахустин ҷаласаи механизми «C5+1» намояндагони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминотро ба имзо расониданд.

Ҳуҷҷат рушди инфрасохтори саноатӣ, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар самти маъданҳои муҳим, ҷорӣ намудани технологияҳои истеҳсолоти «ҳушманд» ва зеҳни сунъӣ, инчунин омода намудани мутахассисони техникӣ ва муҳандисиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон миёни вазоратҳои соҳавии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳуми алоҳида ба имзо расид. Санад барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав замина фароҳам меорад.

Ҳадафи дигари ҳуҷҷат табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои мустақим миёни корхонаҳои саноатии ду кишвар мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот Шералӣ Кабир вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Кореяро барои иштирок дар сеюмин Форуми байналмилалии саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки 26 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.

Ин тавр, ҳамкории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ тадриҷан аз доираи сармоягузории анъанавӣ берун рафта, ба самти рушди занҷираҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом, маҳаллисозии технологияҳои муосир ва омода намудани кадрҳои баландихтисос равона мегардад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон