Душанбе, 27 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Ашхободи Туркманистон нишасти мизи мудаввари вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар мавзуи «Рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути таҳсилоти бисёрзабона дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон» баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ба Ҳукумати Туркманистон барои пазироии самимӣ ва ба Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ барои ташкили муколама изҳори сипос карда шуд. Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва мубодилаи таҷриба заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Сиёсати давлатӣ ва рушди забонҳо дар Тоҷикистон
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва омӯзиши забонҳо мавқеи марказӣ дорад. Муносибати Тоҷикистон ба ин самт ба таҳкими забони давлатӣ ҳамчун омили ваҳдати ҷомеа, эҳтиром ба забони модарӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ асос ёфтааст.

Вазир таҷрибаи Тоҷикистонро дар соҳаи таълим бо забонҳои гуногун зикр карда, иброз дошт, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар ба ғайр аз забони тоҷикӣ, ҳамчунин забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ васеъ истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки сифати таълим, самаранокии усулҳои омӯзиш ва натиҷаҳои воқеии азхудкунии дониш аз ҷониби хонандагон бояд дар маркази таваҷҷуҳ бошанд.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ
Дар идома ба татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд шуд, ки самти асосии кор ба ташаккули малакаҳои амалии забондонӣ ва рушди қобилияти гуфтугӯву навишти хонандагон равона шудааст.

Дар ҷамъбаст таъкид шуд, ки ҳар як кӯдак бояд маводи таълимиро ба пуррагӣ дарк намуда, доираи имкониятҳои забонии худро васеъ гардонад. Чунин муносибат ба рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат менамояд.
Акс: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон / «Караван-Инфо».
